Барои мубориза зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бояд талаботҳои қонунҳои амалкунандаро иҷро намоем

Ховалинг: Андеша  

Шоҳиди ҳол будем, ки то қабул гардидани қонун дар кишвари мо маросиму маъракаҳои серхароҷот зиёд буданд ва мардум миёни ҳам мусобиқа намуда, кӯшиш менамуданд, ки яке аз дигаре бобати гузаронидани тую маърака, рӯзи таваллуд ва муйсаргирони тифл ва дигару дигарон мавриди диққат бошанд. Ҳатто мушоҳида намуда будем, ки дар тую маъракаҳо пошидани пул муд шуда буд. Дар маросими ҷаноза низ ба мардум додани пул ба худнамоӣ ташкил ёфта буд.

Ин амалҳои беманфиат ва хароҷотҳои зиёдатӣ омили асосии ба муҳоҷират сафарбар гардидани фарзандон буд. Яъне фарзандон барои дар сатҳи баланд ва аз дигарон хубтар гузаронидани маъракаи туй ва дигар маъракаҳо роҳ пеш мегирифтанд сӯи муҳоҷират.

Дар муҳоҷират бошад, барои дарёфти маблағи калон кӯшиш менамуданд, ки кори сердаромад ёбанд. Дар ин маврид грӯӯҳҳои теророристию экстремистӣ пайти муносиби худро ёфта, имконият пайдо менамуданд. Яъне имконияти онҳо васеъ гардида, ҷавонони ноогоҳро ба сафи худ шомил мегардониданд. Онҳо ба ҷавонон ваъдаҳои пучу хоми маблағи калонро медоданд ва сафи худро аз чунин ҷавонон зиёд менамуданд.

Хӯшбахтона, бахти миллати мо хандид ва бо ташаббусу иқдоми хирдамандонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  қабул гардид.

Қонуни мазкур ҳама гуна ҷашну маросимҳои миллиро дар кишвар ба танзим дароварда, сатҳи камбизоатиро аз байн бурд ва дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва осудаҳолии аҳолӣ саҳми бузург гузошт.

Мақсад аз гуфтаҳо ин аст, ки Қонуни Ҷумҳирии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” на танҳо ҷашну маросимҳоро ба танзим даровард, балки мавқеи гурӯҳҳои ҷангҷӯву фитнаангезро танг намуда, имконият фароҳам овард, то фарзандони мо пайи беҳтар намудани шароитҳои худ гарданд. Яъне онҳо ба ҷойи хароҷоти зиёди маъракаҳои бемаънӣ пайи ободониии маҳали зист, хона ва шароити  хуби зиндагӣ барои ояндаи фарзандон гардиданд. Онҳо ба таъсиси сеху корхонаҳо шуруъ намуданд, ки ин омил боиси он гардид, ки  дигар ба муҳоҷират рафтани фарзандони мо ҳоҷат надошт. Ҷавонони мо илму дониш аз худ намудан ва соҳиби касбу корҳои гуногун гардиданро пешаи худ намуда, аз беҳудагардию корҳои зиёдатӣ худро канор гирифтанд.

Аммо, то ҳол дар ин самт ҷой доранд камбудиҳо, ки ҳалталабанд. Бархе аз нафарон то имрӯз аз қолабҳои куҳна истифода намуда, дар гузаронидани тую маъракаҳо, маросиму шабнишиниҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода, қонуншиканӣ месозанд. Пас, мебояд дар якҷоягӣ амал намуда, садди роҳи чунин қонуншиканиҳо гардем.  

Фарҳод Давлатов - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.