Наврӯзи навбаҳорон дар хонадон муборак…

Ховалинг: Андеша  

Наврӯз. Рӯзи нав. Аз ин маъно қалби инсонҳо дар рӯи замин равшану покиза мегардад. Бо шунидани номи Наврӯз дил дар қафаси синаи хурду калони тоҷику тоҷикистонӣ бо рабти дигар метапад ва хун дар шараёнҳо ба ҷӯш меояд. Шуури кас аз ин маънӣ манша мегираду ҷумла вуҷуди инсон чун табиат аз нав эҳё мегардад ва гул-гул шукуфон мешавад.

Дар сартосари Тоҷикистони азизамон Наврӯзи хуҷастапай аз гулгардонии кӯдакону хурдсолон шурӯъ мешавад. Бачаҳо ба кӯҳу пушта рафта, гули зардак, бойчечак ва сияҳгӯшро даста-даста чида гулгардонӣ мекунанд. Гулгардонӣ дар ҳама деҳаҳои атрофи ноҳия чашмрас мебошад. Сияҳгӯшро хурдсолони мо аз кӯҳу пушта, аз бари барфтудаҳои обшудаистода чида ба мо  калонсолон меоранд. Муйсафедони солхӯрда сияҳгӯшро аз дасти бачаҳо гирифта, ба дидаҳо мемоланду шукронаи он мекунанд, ки ба Наврӯз ва баҳори нав расиданд. Хурду калони ноҳия низ чунин шукргузорӣ менамоянд. Мардуми деҳоти ноҳия ҳаамасола дар арафаи Наврӯз ҳамчун рамзи… ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, оромгоҳҳои деҳотро, ки дар ин манзилгоҳҳо гузаштагону ниёгони мо хобанд тоза намуда, ба ин амалашон руҳи онҳоро шод мегардонанд. Баъд аз тозаю озода намудани манзилгоҳҳо дар ҳаққӣ гузаштагон дуою фотиҳа мехонанд.

Чуноне, ки ривоят мекунанд, Наврӯз ба мо аз аҳди Шоҳ Ҷамшед то инҷониб анъанаи хуби мардуми тоҷику форсизабон гаштааст.  Ба ин маънӣ Фирдавсии бузург фармудааст:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чу моя гавҳар андар ӯ барнишохт.

-ба Ҷамшед ба гавҳар афшонданд,

М-ар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Албатта бо омадани ин рӯзи нав мардум дар такопӯ медароянд, хонаву дар меороянд, дару девор аз нав ранг мекунанд, аз баҳри чизҳои кӯҳнашуда мегузаранд ва худ сару либоси наву озодаро ба бар мекунанд. Кадбонуҳо дар хонаҳо ба пухтупази хӯрокҳои наврӯзӣ оғоз мекунанд. Дастархони наврӯзии мардуми ноҳия бо «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» оро дода мешавад, ки бо санҷид, сабзӣ, сир, себ, самбуса, суманак, ва шакар, шир, шарбат, шиннӣ, шиббит, шамъ, шакароб пуру ғанӣ мегардад.

Мардуми  мо ин ҷашни қадимаи аҷдодиро то имрӯз пос дошта, онро бо тантана ва шукӯҳи хосае ид мекунанд.

Наврӯзи дилафрӯз, ки иди баҳор аст аз қадим то имрӯз мартаба ва ҷоҳу ҷалолаш бештар шудааст. Мо аз он ифтихор дорем, ки бо иқдому ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналхалқӣ гирифт ва тайи чанд сол аст, ки  дар арсаи ҷаҳон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар охир аз эҷоди худ баён намуда, мегӯям:

Наврӯзи навбаҳорон дар хонадон муборак,

Ба падару модару ҳамдеҳагон муборак.

Дар ин рӯзи дилафрӯз бо чеҳраи кушода,

Мегӯям аз дилу ҷон бар ҳамагон муборак!

Ҷаъмахон Файзов, муовин- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Ховалинг.