НАВРӮЗ БЕШТАР ДАР ДЕҲОТ ШАҲОМАТ ДОРАД

Ховалинг: Андеша  

Наврӯз ҷашни баҳор, оғози сол, бедоршавии табиат, зиндашавии гулу гиёҳ ва долу дарахтон ва мавсими шодию н6ишоти хурду калон аст. Ин ҷашни бузурги миллии мо мардуми тоҷик аз қадимулайём шукуҳу шаҳомати махсус дошта, дар ҳар гӯшаву канори мамлакат бо расму оин ва анъанаҳои хоси  сокинон таҷил карда мешуд. Хӯшбахтона бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба худ мақоми байналмилалиро касб намуда, ҷаҳонӣ шуд, ки боиси ифтихори ҳама мардуми тоҷик аст.

Аз ин рӯ ҳамасола дар арсаи ҷаҳонӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад.

Дар кишвари мо-Тоҷикистони биҳиштосо низ ин рӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ бо ҳама расму анъанаҳои хоси худ таҷил менамоянд.

Бояд иброз намоем, ки Наврӯз ҷашни бедоршавӣ ва зиндашавии табиат аст ва ин ҷашн бештар дар деҳот шукуҳи хоса барпо мекунад. Зеро куҳу, теппаҳо,  дашту даман ҳама қабои сабз ба бар карда, ранги махмалинро мегиранд. Дар дараву куҳхо шилдироси оби ҷуй  ва садои гушнавози шаршараҳо ба гӯш мерасад. Хониши мурғони хушилҳон ва навъҳои дигари паррандагон, боди форами баҳорӣ ба қалби кас руҳу илҳом мебахшад.

Шавқовару зебогии фасли баҳор дар деҳот ин аст, ки гулҳои баҳорӣ дар куҳу саҳро мерӯянд ва кӯдакон бо шодиву хурсандӣ барои чидани гулҳо мераванд. Пирони барнодил бошанд, аз дасти кӯдакон гулҳоро гирифта, ба машомашон мерасонандуа ба сарӯ рӯяшон молида, аз омадани баҳори  нав шукр мегӯянд, ки ин рафтори онҳо завқи кудаконро ба ин фасли зебои сол бештар месозад.  Гули сиёҳгӯшро бештар ба даст гирифта, ҳамдигарро муборакбод мегӯянд, ки ин аввалин рамз ва пайки баҳор аст. Дар деҳот ба пешвози фаро расидани аруси сол-баҳор и некқудум дар майдони сабзазор, боғу гулзорҳо, ки дарахтон ғарқи гуланд намад партофта, дастархони идонаи наврӯзӣ ороста мекунанд. Дастарахони мардуми деҳотро навъҳои гуногуни хӯрок бо ороишоти «Ҳафт син» (суманак, сабзӣ, себ, санҷид, самбуса,) ва «Ҳафтшин» (ширбиринҷ, ширкаду, ширинӣ, шакароб, шавла,шамъ, шарбат) оро медиҳанд, ки ҳар кадоми ин таъомҳо ба худ маънои таърихӣ ва дӯстиву иттифоқӣ, рӯшноиву баландмартаба будани мардуми тоҷикро дорост.

Деҳотизанони калонсол дегҳоро монда, дар онҳо навъҳои гуногуни таъомҳои миллии баҳорӣ аз қабили далда, ширбиринҷ, оши бурида, суманак ва ғайраҳоро мепазанд ва ба аҳли деҳа хӯрок медиҳанд. Мардон ба корҳои деҳқонӣ машғул гардида, бехи дарахтонро нарм мекунанд, навдаву шохзаҳои хушку беҳосилро бурида, дарахтро сабук менамоянд. Кӯдакон бошанд, шохаҳои буридаи дарахтонро ҷамъоварӣ намуда, ҳезум тайёр мекунанд, ки ин амали дастаҷамъона боиси фараҳу шодии ҳама мардуми деҳот мегардад.

Баъди анҷоми ҳама корҳо дар ҳамон мавзеи хушбоду ҳаво, ки дастархон ороста шудааст ба рақсу бозӣ, сурудхонӣ, шеърхонӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ аз қабили тухмҷанг, хурусҷанг, бандкашак, гуштингирӣ, аловпарак, духтарон бошанд, усмакашӣ, панҷакбозӣ, арғунчакбозӣ  ва ғайраҳо машғул мегарданд, ки  шодиву хурсандии  огнрӯза то Наврӯзи дигар ба дилҳо фараҳ мебахшад.

Хулоса Наврӯз ҷашни ҳамагонист ва ҳама мардуми сарбаланди кишварро ба ин рӯзи накуву фархуна ва эҳёшавии табиат муборакбод гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

Асадуллозода В. Д. - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.