Ёде аз гузаштагони ибратбахш

Ховалинг: Андеша  

«Раиси Нозук» қаҳрамони ду ҷабҳа буд…

Диёри зеботабиату бостонии Ховалинг дар тули таърих бисёр занони боиффату ибратманд, ҷасуру далер, фидоиву қаҳрамон, камназиру нексириштро ба дунё овардаву тарбия намуда, ба гетӣ додааст.

Яке аз чунин бонувон зодаи собиқ деҳаи Куталхуштаки ноҳияамон Нозукбӣ Гадоева, ки дар замонаш бо номи «Раиси Нозук» маъруфу машҳур буд, ба шумор меравад. Нозукбӣ Гадоева қаҳрамони ду ҷабҳа буда, то дами охирини ҳаёташ ҳамчун ҳамдаму ҳамнафаси мардум, ба халқу Ватан хизмат кардааст.

Аз рӯи тақозои ҷустуҷӯву омӯзиши ҳаёти гузаштагонамон, чандин сол пештар бо ному насаби хизматҳои арзишманди ин бонуи камназир тавассути рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» шумораи 8-марти соли 1958 аз сарлавҳаи «Ҷамоатчии фаъол»-и ин рӯзнома ошноӣ пайдо намуда, дар чанд китобу рӯзномаҳо аз вай ва ҳаёти ибратомӯзаш ёдовар шудаам. Имрӯз низ мехоҳам, зимнан аз вай ба таври фишурда ёдовар шавам.

Ӯ соли 1919 дар деҳаи Куталхуштаки Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадаву камол ёфта, соли 1938 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кард, муддате муаллима буд. Пас маҳорати дониш ва ҷасорати меҳнатдӯстии вайро ба назар гирифта, ҳукумат сари вақт вайро ба корҳои роҳбарӣ ҳидоят намудааст. Вай дар ҳамон солҳои муҳими пеш аз ҷангиву ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва барқароркуниҳои дигар давраҳо дар вазифаҳои зерин сарбаландиҳо ба халқу Ватан хизмат намуда: котиби ташкилоти хизмати коммунистии собиқ колхози ба номи Маленков, раиси ҳамин колхоз, мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизби ноҳия, ҷонишини раиси комиҷроияи Ховалинг фаъолият намуда, меҳнати фидокоронаро баҳри Модар-Ватан ба ҷо овардааст. Аз соли 1955 бошад то барҳамхӯрии ноҳияи Ховалинг соли-1958 раисии комиҷроияи Совети депутатҳои  меҳнаткашони қишлоқи Ховалингро ба зима дошт. Вай дар ҳар як вазифае, ки ба душ дошт, аҳлонаву садоқатмандона меҳнат мекард. Ҳамин буд, ки вай дар таърих бо номи «Раиси Нозук» нақши мондагор дорад. Чун соли 1958 ноҳияи Ховалинг барҳам хурда, ба ноҳияи Восеъи имрӯза ҳамроҳ карда шуд, ин зани хоксору меҳнатдӯст ва донишманду пухтакорро дар ноҳияи Восеъ ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанг ба кор гирифта, вай фаъолияташро идома дод ва сипас то охири умр соли 1988 раиси Ҷамоати деҳоти Пахтакори ин ноҳияро ба душ дошта, садоқатмандона меҳнат мекард.

«Раиси Нозук» дар ҳақиқат қаҳрамонона шабро шаб рӯзро рӯз намуда, тамоми умр меҳнат кард ва дар таърих нақши нек гузошт.

Хизматҳои арзишманди дигари ин бонуи нексиришти фаъол аз он иборат аст, ки вай баробари фидокориҳо дар арсаи меҳнат 15 нафар фарзандҳоро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки алҳол бештар аз сад нафар фарзанду набераву аберагонаш дар хизмати халқу ватан мебошанд.

Яке аз фарзандҳои вайро мисол меорем, ки ӯ Саттор Табаров ному насаб дошт. Ӯ 21-декабри соли1938 дар деҳаи Куталхиштак ба дунё омада камол ёфт, пас аз хатми мактаби зодгоҳ ба мактаби олии авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Уленовск дохил шуда, ин мактаби олиро соли 1964, Академияи авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Лелинград (1972) ва факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1991) хатм карда, аз соли 1964 то ба нафақа рафтанаш-соли 2002 дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хизмати арзишманди бебаҳо кардааст. Хизматҳояш бошад бо 4-медал, 3 ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС ва Тоҷикистон, Аълочии авиатсияи шаҳрвандии СССР ва бисёр ифтихорномаву мукофотҳои дигар қадр карда шудааст. Қаҳрамонмодар Нозукбӣ Гадоева дар ҳақиқат қаҳрамони ду ҷабҳа буда, хизматҳои арзишмандаш нақши таърих аст ва ӯ зиндаву ҷовид мебошад…

Мақсад аз навиштаҳо ин аст, ки занону бонувон ва духтарони имрӯза низ аз кору пайкори Нозукбӣ Гадоева ибрат гирифта, баҳри хизмат ба халқу Ватан саҳми муносиб гузоранд.

Амирхон Саидзода, адиб, журналист, кишваршинос, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия, собиқадори ҲХДТ.