МУЖДАГОНӢ ДИҲЕД, КИ БАҲОР ОМАДААСТ

Ховалинг: Андеша  

Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол аст. Дар ин фасл табиат зинда гардида, қабои сабз ба бар мекунад. Дарахтон муғҷабандиро оғоз намуда, ғарқи гул мешаванд. Сабзаву майса, лолаву райҳон ва дигар гулу гиёҳҳо аз замин сар ба берун мекашанд. Ҳама ҷонварону хазандагон низ аз хоби зимисттона бармехезанд.

Дар ин фасл шилдироси оби ҷӯю чашмаҳо, хониши паррандагон, ҳавои форам ва шим-шими борон ба дили кас фараҳ мебахшад. Инсоният низ дар ин фасл аз боду ҳавои мусоиди офтобӣ, нармии замин истифода намуда, баҳри ҳифзи муҳити зист ва ба ҳусни табиат зебогии дигар зам намудан камари ҳиммат мебандад. Хусусан шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, кишти заминҳои корам, тоза намудани ҷую заҳбурҳо, ороиш ва аз навдаҳои корношоям тоза намудани дарахту токзорҳо аз зумраи корҳои баҳорӣ мебошанд, ки мардум пайи онҳо мегарданд.

Яке аз анъанаҳои фасли баҳор, ки бештар кӯдакон ба ин кор ҷалб мешаванд ин маросими гулгардонӣ аст. Кӯдакон дар ин фасл ба куҳу  теппаҳо рафта навъҳои гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла гули сиёҳгӯш, ки  онро дар баъзан ҷойҳо пайки баҳорӣ низ мегӯянд, ғундошта гурӯҳи духтаракону писарон хона ба хона мегарданд ва бо суруду таронаҳои тараннуми баҳор ба мардум аз омадани фасли зебои сол муждагонӣ медиҳанд. Соҳибхонаҳо бошанд ин муждагониро пайки хуш шуморида, гули сиёҳгӯшро дар дидаҳо мемоланд ва ба кӯдакон туҳфа ва шириниҳо тақдим мекунанд. Шукрона, мекунанд, ки боз ба баҳори нав расидем.

Болотар зикр намуда будем, ки  дар фасли баҳор гулу гиёҳҳо ва растаниҳои шифобахш аз замин сар мекашанд, ки ба ҳазор беморӣ даво мебошанд. Мардум дар ин фасл аз растаниҳои шифобахш ба монанди рошак, пудина, ҷамбилак, ров, чоқла, торон ва ғайраҳо истеъмол менамоянд. Аз баъзан намуди ин растаниҳо хӯрокҳои болаззат омода месозанд, ки давои чандин бемориҳо мебошанд. Бояд ёдовар шавем, ки ҳама намуди дорувориҳо аз ҳамин гулу гиёҳҳо ва растаниҳое, ки дар кишвари мо мерӯянд, омода мегарданд. Моро зарур аст, ки бештар аз ин растаниҳо истифода намоем.

Мақоли халқ аст, ки мегӯянд: «Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор». Ин сухан  воқеан ҳам дуруст аст. Дар  фасли баҳор деҳқонону кишоварзон барои захираи зимистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ заминҳоро кишт намуда, навъҳои гуногуни ғалладонагиҳо мекоранд. Дар заминҳои обӣ сабзавотҳои гуногунро парвариш намуда, баҳри таъмин намудани хӯрокаи оилаи худ дар фасли зимистон замина мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ пайваста баҳри захира намудани маводҳои озуқа зимни ҳар як суханрониаш таъкид менамоянд. Аз ин рӯ сокинони кишвар низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатамонро сармашқи кори худ намуда, дар фасли зебои баҳор ҳама заминҳои дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода менамоянд.

Ҷаъмахон Файзов - муовин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.