ҲАР ЯК СУХАНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАМОН БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ МУСОИДАТ МЕКУНАД.

Ховалинг: Андеша  

Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, деҳаву маҳаллаҳо мардум бо ифтихор иброз медоранд, ки: «Ҳар куҷое, ки пою қадами Ҷаноби Олӣ мерасад, он макон ба гулистон табдил меёбад». Воқеан ҳам ин сухан дуруст аст, Пешвои миллати мо, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳар гӯшаву канори кишвар, ки сафар намояд, он ҷо сохтмону ободониҳо бештар мешавад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ низ баланд мегардад.  Шоҳиди ҳоли ин гуфтаҳо ҳама он дастоварду ободкориҳо, сохтмони биною иншоотҳои хизмативу маишӣ, мактабу дабистонҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, ба истифода додани корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва сехҳои истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳу купрукҳо, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон  мебошанд.

Аммо бо боварӣ гуфта метавонем, ки на танҳо пою қадами вай, балки ҳар як сухани ироагардидаи Пешвои миллатамон баҳри рушду шукуфоии мамлакат, тинҷиву оромии кишвар, амну осоиштагии миллат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарафманди кишвар мусоидат мекунад.

Суханрониҳое, ки Пешвои муаззами миллатамон дар вохӯрӣ бо фаъолон ва ходимони дин саннаи 9 марти соли равон дар толори Кохи ваҳдат намуданд, ҳама баҳри беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии аҳолӣ буд. То имрӯз чунин суханони пурмуҳтаво, таъсирбахшу манфиатоварро ягон ходими дин, олим ва ё ягон руҳонӣ нагуфта буд.

Сарвари давлатамон оид ба адои ҳаҷи Умра, ки имрӯзҳо қисмати бештари сокинон адо намуда истодаанд, ҳатто баъзеашон ду ё се маротиба, суханронӣ намуда, ин амали онҳоро худнамоӣ ва худситоӣ ва исрофкорӣ донист. Воқеан ҳам гуфтаҳои Сарвари давлат дурустанд. Имрӯзҳо бисёре аз зоирин, ки барои адои ҳаҷи Умра камар мебанданд, аз ҳисоби маблағҳои фарзандон, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, адои ҳаҷ мекунанд.  Пешвои миллатамон доир ба ин нуқта мисол ҳам оварданд, ки адои ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо танҳо бояд ба маблағе, ки бо обилаи кафи даст дарёфт менамоӣ ба роҳ монда шавад ва танҳо як маротиба. Модоме, ки ба Худову Расул имон овардаем ва эътиқод дорем, бояд пайрави онҳо бошем. Пайғамбари Ислом  Ҳазрати Муҳаммад (с) ба хотири заҳмат накашидани умматонаш як маротииба адои ҳаҷ кардааст.

Имрӯз ин маросим ба як мубориза миёни сокинон табдил ёфтааст. Ҳатто  наврасонро бо худ мебаранд ва дар мактабу маъракаҳои деҳаву маҳалла ин кӯдак аз пирони ҳафтодсола боло менишинад. Ҳол он, ки он кӯдак намедонад, ки фазилати адои ҳаҷ дар чист. Танҳо вай саёҳат карда, давлатҳои хориҷро тамошо кардаасту миёни мардум соҳибэҳтиром гаштааст. Ҳатто дигар омӯзгорону роҳбарони муассиса ба ӯ сухани баланд намегӯянд.

Пешвои миллат ба ходимони дин таъкид намуданд, то оиди ин масъалаҳо ба мардум пурра фаҳмонанд, ки савоби ҳаҷи умраро дар мамлакат низ дарёфт кардан мумкин аст. Ба фарзандон шароити хуби таҳсил фароҳам орем, шароити ҷойи хоб, зисту зиндагонӣ, ки аз пайи омӯзиши илм ва касби дӯстдоштаи худ шавад, фардо метавонад дар ҷамъият хизмат намуда, дасти кумаки худро ба чандин нафарон дароз кунад ва соҳиби аҷру савоби зиёд гардад. Дар қатори ин падару модар, омӯзгоре, ки ӯро тарбия намудааст  аз ин савоб баҳравар мегардад.

Ғайр аз ин метавонем бо ин маблағ роҳеро обод созем, пулеро таъмир кунем, синфхонаҳои иловагӣ созем, то фарзандони мо роҳи дурру дарозро тай накарда дар маҳаллаи худамон таҳсил намоянд, оилаи бесаробон ва камбизоатеро дастгирӣ намуда, ба онҳо шароити хуби зиндагӣ фароҳам орем, ба ятимону бепарасторон сару либоси мактабӣ, ашёҳои хониш харидорӣ созем, омӯзгорони соҳиблаёқатро дастгирӣ намоем, то рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ наоранд ва дар рушду пешрафти диёру маҳаллаи худ саҳми бузург гузорем.

Агар мо тавассути ин маблағҳо ба як маҳалла хатти оби нушокӣ ва ё оби полезӣ кашонем, боварӣ ҳаст, ки аҷру савоби чандинкаратаи ҳаҷи умраро дарёфт карда метавонем.

Ғайр аз ин Сарвари давлатамон оид ба тарбияи дурусти фарзандон ҳарф заданд. Иброз доштанд, ки моро зарур аст фарзандонро дар руҳияи ватандӯсти, хештаншиносӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Фарзанди  ботарбияву соҳибилм ба қадри меҳани азиз, падару модар, арзишҳои миллӣ мерасад. Ба гурӯҳҳои ифротиву ҷангҷӯ, терроризму экстремизм шомил намегардад. Мо фарзандро бо ҳазор умеду орзӯ ба дунё меорем, бо ҳазорон меҳру муҳаббат, навозишу силлаи дастон ба воя мерасонем, аммо тарбияи дуруст, ки надодем шомил ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад ва онҳо аз ин фарзанди мо, аз ин меваи умри мо, ки дар оянда бояд моро саробон шавад террористи худкуш тайёр мекунанд. Бояд ончунон фарзандро тарбия намоем, ки дар пиронсолӣ асои дасти мо гардад ва аз самараи тарбияи кардаамон истифода намоем.

Асадуллозода В. Д. - Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.