АЗ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ТААССУРОТИ БАЛАНД БАРДОШТЕМ

Ховалинг: Андеша  

Мулоҳиза.

Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо фаъолон ва ходимони дин, ки саннаи 9 марти соли равон дар толори Кохи ваҳдат баргузор гардид, тариқи шабакаи телевизиони Тоҷикистон тамошо карда, шунидам ва таассуроти баланд бардоштам. Воқеан ҳам ҳар як сухани Пешвои миллати мо ба манфиати мо мардуми сарбаланди кишвар аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон бобати таълиму тарбияи фарзандон ҳарф зад. Таъкид бар он дошт, ки фарзанд меваи умри инсон аст, ва ҳар як нафар мехоҳад, ки соҳиби фарзанд бошад. Аммо тарбияи дурусти фарзанд низ сарбаландии инсонро бештар месозад. Зеро мақсади ҳамаи мо дар он аст, ки фарзандон дар пиронсолӣ дастгирамон бошанд. Аз ин рӯ пайваста онҳоро тарбия бояд намуд, ки дар пиронсолӣ асоси дасти мо бошанд.

Нуқтаи дигаре, ки муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мавриди  шарҳ қарор доданд, ин исрофкорӣ миёни мардум буд. Зеро имрӯз қисмати зиёди мардум ба худнамоиву худситоӣ машғул гардида, ба исрофкориву хараҷу мараҷи зиёдатӣ роҳ медиҳанд. Ин амали баъзан нафарон ҳӯрамату эҳтироми насли наврасро нисбат ба калонсолон коста гардонидааст. Шоҳиди ҳол гардидаем, ки дар баъзан нишасту маъракаҳо насли ҷавонро барои дороиаш, пулу молаш аз боло гузаронида, муйсафеди 70-сола дар поён нишастааст.

Имрӯз мо бояд шукрогна аз он намоем, ки давлати мо тинҷу ором аст ва дар ҳавои сулҳӯ суббот орому осоишта кору зиндагӣ дорем. Натиҷаи ҳамин аст, мардуми сарбаланди тоҷик сатҳи зиндагиашонро боло бардошта, қисмати зиёди мардуми мо имрӯз ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаанд. Аммо, бояд дарк намоем, ки дар қатори зиёрати хонаи Худо бояд дастгириву кумак ба табақаи ниёзманди аҳолиро низ дар мадди назар қарор бидиҳем.

Ҳастанд нафароне, ки барои худро намоиш додан фарзандонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон намуда, пулу моли бо ҳазор ранҷу заҳмат ба даст овардаи онҳоро барои зиёрати Ҳаҷ истифода менамоянд. Чи қадар маблағ, ки дар сафари Ҳаҷ масраф шавад, як баробари дигар барои гузаронидани маъракаи ҳоҷиошӣ масраф намуда, худнамоӣ мекунанд.

Чунин нафаронро зарур аст, ки ҷойи исрофкориҳои зиёд таъмрри роҳу купрукҳоро ба роҳ монанд, оилаҳои камбизоату фарзандони ятимро дастгирӣ намоянд, сохтмони бунгоҳи тиббиву синфхонаҳои иловагиро роҳандозӣ созанд. Ин амалҳо низ савоби бештар дорад.

Дар вохӯрӣ Пешвои миллатамон бобати тарбияи фарзандон ва пешгирӣ намудани онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ низ суханронӣ карданд, ки воқеан ҳам суҳбати пурмуҳтаво ва манфиатбахш ба ҳама мардуми сарбаланди кишвар аст. Иброз доштанд, ки мо фарзандонро бо ҳазор меҳрубониву навозиш ба воя мерасонем, аммо гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротгар бо фиребу найранги худ ҷавононро шомили худ гардонида, аз онҳо террористи худкуш тайёр мекунанд. Онҳо заҳмату вазнинии ба дунё овардани фарзандолни моро намедонанд. Заҳматҳои бедорхобии шабонаи модаронро эҳсос намекунанд ва фарзандро мағзшӯӣ карда, онро дар роҳииғвогариву хоин будан истифода менамоянд. Аз ин рӯ Пешвои миллатамон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи дурусти фарзандон набояд саҳлангорӣ намоем.

Зарур аст, ки аз тарафи масъулин дар ҳар як маҳаллаву деҳот чунин суҳбату вохӯриҳо ба роҳ монда шуда, суханрониҳои Пешвои миллатамон ба таври пурра шарҳ дода шаванд. Дар ин ҳолат мо метавонем, исрофкориву худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн бардорем.

Фарҳод Давлатов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.