Мо-ҷавонон бетараф нестем!

Қубодиён: Вокуниш  

Мо ҷавононро зарур аст, ки имруз ба бетарафи хотима гузошта, зиракии сиёсиро аз даст надода бар зидди ин бадхоҳони миллат ва ҳамсояҳони аҳд шикан фаъолият нишон дода, сулҳу Ваҳдат ва Истиклолияти комили давлатамонро чун гавхараки чашм нигох, дорем. Зеро химояи Ватан карзи чавонмардии хар яки мову шумост.

Тоҷикистони соҳибистиклоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми бо фарҳангу аҳдпарвар сулҳхоҳу сулҳпарвар  ташкил медихад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Ин мардум як бор фирефтаи шумо гардидаанд ва ҳеҷ гоҳдубора ба фиребу дасисаҳои  дасти шумо нахоҳанд шуд. Сулҳу ороми суботи сиёсии хешро ба суханони пучу бемағз ва иғвоангези шумо баробар намекунанд ва ин миллати пуршарафу бо нангу номус ҷавоби ҳар як қатраи хуни  шаҳидони худро аз шумо хоҳанд пурсид.

Эй модари Ворухи нарезон ашкат,

Фарзанди шуҷои Хатлон дар бари туст.

Эй пиру ҷавони Исфара ғусса нахур,

Масчоҳи ва ҳам Бадахшиён дар сафи туст.

Ҳам Раштиву ҳам Ҳисорӣ сарбози Ватан,

Фарзанди боори Зарафшон дар бари туст.

Мардони ҷасури миллатамон дар роҳанд,

Кулобу  Ваҳдату Ванҷ ҳамраҳи туст!

Эй ҳамватанам умеди фардои мани,

Ҳам  болу пару тамоми дунёи мани.

Дар рузи ғамам ғамбарори ман бош,

Эй тоҷики ман, дидаи бинои мани.

Эй модари Ворухӣ нарезон ашкат!

Вазъи сиёсии кишвари мо айни хол ором аст, вале гуруҳхои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимои бо тариқи онлайн баромад намуда, мехоҳанд вазъияти сиёсии Ватани азизамонро ноором созанд. Миллати шарафманди тоҷик бовари комил дорад,ки шермардони Ватан тамоми қувваву неруи худро сарф нумуда баҳри ҳимояи Ватану марзи хеш ҷони худро дареғ надошта барои  сулҳу суботи оромии кишвари азизамон ҷони хешро сипар менамоянд.

Жураев Ҳамза, омӯзгори муассисаи таълимии №11-и ноҳияи Қубодиён