ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ БАРНОМАИ ҲХДТ

Ёвон: Андеша  

 Дар раванди давлатсозии миллӣ расидан ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷашн гирифтани ин санаи таърихан  муҳим барои ҳар як фарди бонангу номуси миллат рӯйдоди аз ҳама муҳим ба шумор меравад. Пешвоз гирифтани  ҷашни  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун  пайки  саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи ифтихору шарафи ҳар як аъзои Ҳизб  балки сарахбори кушоиши корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҷомеа ҳам гашт.

Таърих гувоҳ аст, ки ҲХДТ бо роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳо ба илму маориф ва нерӯҳои  ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, имрӯз низ дар пайи амалишавии ниятҳои нек нисбати ин соҳаи тақдирсози миллат кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

          Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифтааст.

         Маҳз тавассути  фаъолияти  ҲХДТ, сиёсати  хирадмандона ва ташаббусҳои  созандаю  бунёдкоронаи   раиси муаззами он, насли  даврони  истиқлол   ҳамчун  шахсиятҳои  соҳиби  дониши  амиқ, маърифати  баланд  ва  ҷаҳонбинии  васеъ  ба  воя  расида  дар  замири  онҳо  беҳтарин  хислатҳои  инсонӣ  покдилӣ,ростқавлӣ, башардӯстӣ  ва  масъулиятшиносӣ парвариш  ёфтааст, зеро  ба  ақидаи  Пешвои  тоҷикон  танҳо  насли  наврасе, ки  бо  донишу  хулқу  атвори  нек  мусаллаҳ  аст, метавонад  сафинаи  ояндаи  кишвари  азизамонро  бидуни  шикасту  рехт  ба  соҳили  мурод  бирасонад. Зеро  насли  босаводу  бофарҳанг, ҳеҷ  як  замоне  ба  давлату  миллати  худ  хиёнат  намекунанд.

Дар барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 низ  ҲХДТ ба соҳаи илму маориф эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома  медиҳад ва мушкилоти мавҷударо бартараф  месозад.

         Дар асоси Барномаи  ҲХДТ  мардуми  шарафманди  тоҷик, зери  ҳидояту  роҳнамоиҳои  Пешвои  муаззами  миллат, дар  самти  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ  камари  ҳиммат  баста, дар  ин  росто  садҳо  муассисаҳои  нави  таълимӣ  бо  таҷҳизоти  наву  замонавӣ ва  тамоми  шароитҳои  лозима  сохта  ба  истифода  додаанд, ки  ин  анъана  метавонад, дар  солҳои  начандон  дур  сармояи  рушди  инсониро  дар  ҳолати  зарурӣ  таъмин  намояд.   

Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни пурифтихор дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Ёвон низ ба масъалаи сохтмон ва  таъмиру тармими биною иншоотҳои таълимӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо ҷалби шахсони саховатпешша, соҳибкорон, собиқ дастпарварон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва кумитаҳои маҳалла сохтмони шумораи зиёди бино ва синфхонаҳо  дар назди муассисаҳои  таълимӣ бомаром идома дорад.  

Дар замони имрӯза аҳли ҷомеа, махсусан омӯзгоронро зарур аст, ки ҳамчун аъзоёни фаъоли ҲХДТ, бо дарки амиқи милливу ватандорӣ, шукргузорӣ аз даврони истиқлол, ҳама якдилу якҷон дар паҳлӯи  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пайи ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон азиз бошем ва чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, мо  омӯзгорон ва аҳли маорифро лозим аст, ки насли наврасро бо муҳаббату садоқат, меҳрубониву накӯкорӣ, бо шуру  шавқи беандоза дар руҳияи эҳтиром ба Ватан тарбия карда, дар зеҳни онҳо номи муқаддаси Тоҷикистонро бо меҳру муҳаббат ва садоқат ҷой намоем. Дар  қалбашон  нисбат  ба рамзҳои миллии Ватан-Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ  эҳтиромро ҷой  намуда, баҳри чун ворисони сазовор ба воя расониданашон саъю талош варзем.

         Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин хоки поку муқаддас, ин сарзамини биҳиштосо, ин куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашида, ки хамчун Куруши Кабир, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва садҳо дигар фарзандони далеру шуҷоъ ва бонангу номусро ба арсаи таърих офарида ва имрӯз Тоҷикистон ном гирифтааст таҳти роҳбарии хирадмандонаю одилонаи фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, ба биҳишти рӯйи замин табдил меёбад ва дар масири таърих поянда мемонад.

Темурзода Фарзона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон