ВОХУРӢ ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бохтар: Созандагони ватан  

     Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “30-солагии Истиқлолият”, (Муассисаи ғайридавлатии таълимии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар) бахшида ба нуқтаҳои меҳварии  Паёми Пешвои милат, бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло   вохӯрӣ баргузор гардид.

     Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло қайд намуд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои созандаю бунёдкоронаро барои ояндаи дурахшони мардуми азизи Тоҷикистон муайяну мушаххас ва пешниҳод менамоянд.

    

     Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вақте миллат бесавод монд, рӯ ба бадбахтию ҷаҳолат меорад. Донистани забонҳои хориҷи, истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва риёзӣ вазифаи муҳими аҳли илму маорифи муосир аст. Илова бар ин, боз қайд намуданд, ки давлатро мутахассис обод мекунад. Дар фикри ояндаи фарзандон бошем, барои таҳсилу донишомӯзиашон шароит фароҳам оварем.

     Рисолати ҳар як падару модар он аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободиву осоиштагӣ ҳидоят намоянд. Сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ба ояндагон мерос гузорем.