Мо - тоҷикон хоҳони сулҳем!

КИВ: Андеша  

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,

Равнақи шодиву барор оварад.

Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,

Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

Шоистатарин неъмати рӯи олам ки дар зери чор ҳарф ниҳон аст, ин сулҳ ба ҳисоб меравад. Сулҳ асоси зиндагии мардум буда, дар он тинҷию оромӣ, хушию хурсандӣ ҳукфармо мебошад. Дар ҳақиқат ҳам сулҳ баҳореро мемонад, ки дар он осудагии диёр, ҳузуру ҳаловати модарон, хандаю шодии кудакон, баҳори сарсабзи умри инсон ва болу парзании кабутарон дар осмони софи беғуборро мушоҳида намудан мумкин аст.

Миллати тоҷик миллатест, ки агар ба таърихаш назар намоем ҳеҷ гоҳ намехостанд ва намехоҳанд, ки ба сари давлате теғ кашанд. Зеро, миллати тоҷик миллати сулҳовар, миллати меҳмоннавозу бомаърифат буда, дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофариашон шуҳратёр гардидаанд. Чуноне ки шоире гуфтааст:

Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,

З-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.

Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,

Такя бар онҳо намоянд қавми соҳибманзилам.

Маҳз бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаҳолонаи мардум ба шумор меравад, тавонист, ки сулҳро дар сарзамини тоҷикон пойдор намоянд. Ин сиёсати сарвари давлатамонро ҷавонони миллат пешаи роҳи худ намуда, кӯшиш ба харҷ дода ва ҳатто ҷони худро баҳри ҳифзи марзу буми Ватанамон дареғ нагузошта истодаанд, то ин ки дар Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат абадӣ бимонад. 

Буризода Мадина, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон