КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ МИЁНИ СОКИНОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, миёни сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаву маҳалаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ ҷиҳати Муроҷиатномаи Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир ба масъалаҳои муҳим ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор намуданд.

Масъулин дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бештар маълумот доштани мардум маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳо ба сокинон дастрас намуда, инчунин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки аз ҳамагуна шароити самарабахш истифода намоянд.