ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ПОРЧА ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

Восеъ:  

Истифодаи самараноки ҳар порча замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмонидадиҳиро ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳия хуб ба роҳ монда, бо сокинон вобаста ба самаранок истифода бурдани  заминҳои  наздиҳавлигӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат ороста, ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.

Пас аз суҳбат  масъулин  аз рафти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон, ки дар онҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишт карда шудаанд, дидан намуданд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон талош доранд, бо коркарди ҳар порча замини дар ихтиёрдоштаашон дар  ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ саҳм гузоранд.