Аксияи «Якҷоя месозем!»

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳамин маҳалла оғоз гардид.

Аз рафти сохтмони муассисаи таълимӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонии онҳо баҳои баланд дод.