ТАЪРИХ ҲАМЕША БО ҚАҲРАМОНҲОИ ДАВРУ ЗАМОНАШ МЕФАХРАД

Балҷувон: Андеша  

Ҳамагон медонанд, ки таърих пайваста шахсони далеру қаҳрамонро ёдовари намуда, номи неки онҳоро ба насли ояндагонаш ҳамчун симои намунавиву ибратомӯз боқӣ мегузорад.

Дар ҳеҷ як давру замон номи неки қаҳрамонони миллат аз ёд нарафта, пайваста вирди забони аҳли илм ва шоирону адибон ёдовари гардида, чун аркони илму хирад ва маҳзани асрори илми нуҳуфта бар дигарон панд хоҳад шуд.

Таърихи замони муосирро қаҳрамониву далерӣ Ташаббусҳои бузурги бе мислу монандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангорангу дилошуб сохтааст, ки бо номи Президенти мардуми шуҳратманд гардидаву ҳамчун офтоби дурахшон бар самои миллати тоҷик нурпоши месозад.

Дар радифи дигар абардмардони миллат ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, Мирзо Турсунзодда, Эмомалӣ Раҳмон низ тавонист бо ташабусҳои неку созанда ва сулҳофаронаи худ ҳаёти осоиштаву зеборо барои миллати тоҷик ҳадия созад, ки ин қаҳрамониву далерӣ, зиракиву ҳушмандии нобиғаи замони муосир дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Қаҳрамоне, ки ҷавонии худро барои ободиву созандагӣ ва пешравии миллату давлати хеш бахшидааст, месазад, ки аҳсану офарин ва васфаш кард.

Ҳалолат бод ин меҳан, ки умри хеш сарф кардӣ,

Гузашти борҳо аз ҷон ба ҷонаш ҷон нисор кардӣ.

Зи рафти шоми зулмонӣ,барои субҳи Раҳмонӣ,

Худо донад,ки мо донем чиҳо кардӣ чиҳо кардӣ.

Бишуд миллат сарҷамъу ҳавои сулҳ по барҷо,

Барои амну оромӣ нахуспида шаби хешро саҳар кардӣ.

Ватан гулзоргашту миллатат шодон рӯз то рӯз,

Барои хандаи тифлон падарвори нигоҳ кардӣ.

Ятимеро намемони шавад овораи дарҳо,

Барои шодии онҳо чи рӯзҳое сипар кардӣ.

Ҳамеша байни мардум ҳастиву бо миллати хешӣ,

Барои дӯстии милату олам дари раҳмат во кардӣ.

Чу Юсуф дар биёбоне агар мони қадам он ҷо,

Шавад обӣ шавад гулпуш агар инро ту медонӣ.

Ҷаҳон дар авзои нооромиву ноосудагӣ, шароити мураккаби минтақавиву глобалиро аз сар гузаронида истодааст,ки пешрафтатарин давлатҳо ин мушкилотҳои асосиро ҳал карда наметавонанд.

Тоҷикстони биҳиштосои мо низ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, аммо дар як мудати кӯтоҳи давлатдорӣ Қаҳрамони нотакрори миллат тавонист оромӣ,осудагӣ ва ҳамдилиро миёни мардум ҷорӣ созад ва дари дӯстиву муҳаббаи миллати тоҷикро миёни аҳли олам во созад.

              Бо дабирон даркушоӣ,

              Бо вазирон ҳамсафоӣ

              Мулки хосулхоҳи моӣ,

              Шоҳкории Худоӣ

              Тоҷикистон Тоҷикистон.

Ҷаҳонро бовар кунонид,ки Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффо ва обҳои ширнӣ болаззат аст,ки ҳануз аз соли 1999-ум ҷаҳониён баромади Қаҳрамони миллати тоҷикро аз минбари баланди  Созмони Миллали Муттаҳид шунидаву шефтаи меҳани аҷдодии мо гардиданд.

Пай дар пай исбот сохтааст,ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанг,тамаддун, мерос ва осори гаронбаҳои фарзандони хешро дорад.

Ин ҳама гуфтаҳову далелҳоро ҳамагон аз асарҳои бузурги Раиси муаззами ҲХДТ хондаву шинохти хешро баҳои баланд додаанд,ки “Тоҷикон дар оинаи таърих” “Чеҳраҳои мондагор” ва дигар асрҳои шоҳкори ин Нобиғаи нотакрори таърихи муосир ба худшиносиву меҳандӯстии мо тавҳам аст.

Пас чаро мо нафахрем,дӯсташ надорем онеро,ки моро ба худшиноси расонидааст. Мо ҳама пайрави аз мактаби сиёсатмадорона ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ намуда, то авҷи само шоҳкориҳои ин Анушервони Одилро васм менамоем ва ба ҷаҳони мутамадин муарифи месозем.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро масъалаҳои асосии терроризм ва экстремизм чун тори анкабут тор кашидаву ба коми хеш фуру бурда истодааст,ки масъалаи бисёрҳам хатарнок ва ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, Роҳбарияти олии мамлакат пайваста нигарони намуда, баҳри пешгири аз ин  масъалаҳои доғи рӯз таъкиду супоришҳои ҳамаҷониба дода, барои солимии аҳолии хеш тамоми шароитҳои заруриро муҳаё сохта истодааст.

Ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем,ки дар ин ё он манотиқи кишвари азизамон майдончаҳои варзиши бо шароити замони муосир ҷавобгу сохта ба истифода дода мешавад,ки ҷавонон ба обу тоби бадан машғул гашта, солимии худро нигоҳ доранд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ноҷо ҳамроҳ нашаванд.

Зеро имрӯзҳо бисёре аз ҷавононе ҳастанд,ки ба доми фитнаву  ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ афтода қурбонии ин роҳ мегарданд.

Мақсади асосии чунин гурӯҳои ифроти ин халалдор намудани вазъи оромии кишвар барҳам задани авзои осоиштаву осудагии мардум мебошад.

Бояд мо аъзоён ва фаъолони ҲХДТ дар самти тадбиқи амалигардонии ҳадафҳои неку созанда ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми назарас гузорем. Зеро аъзои ҲХДТ гардидан ин масъулияти баландро талаб менамояд.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид,ки дар шароити кунуни иқдомест хело наҷиб ва шоистаи аҳсану офарин. Зеро мардуми тоҷик бори дигар аз таърихи гузаштаи ниёгони худ огаҳи пайдо намуда,арҷгузори ба муқаддасоти миллиро рукни баланди инсони медонанд.

Пас худшиносии миллӣ ҳангоми аз худ созии таърхи гузаштаи ниёгон пайдо гардида,имкони рушд,пешрафт ва меҳандӯстиро дар асолати инсон зиёд мегардонад.

Дуруст аст,ки мегӯянд қаҳрамонон бо хоксориву ҳимматбаландӣ ва оқиливу дурандешӣ дар ҷомеа мавқеъи намоёнро соҳиб мегарданд.Ин аст ки Пешвои муаззами миллати мо ба унвонҳои баландӣ қаҳрамони соҳиб гаштааст ва қаҳрамонияшро тамоми ҷаҳон шинохта,пайрави аз мактаби бузурги давлатдории миллияш мекунанд.

Ҷаҳон ҳайрони он аст,ки Худо додаст туро бар мо,

Бикарди кишваратро дилкашу зебо.

Ҷаҳон монад лолу сар ба пеши пои тоҷик карда таъзимҳо,

Ба мислат нест ҳоким нест дар дунё.

Нуров Хурсанд, Мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон