Саҳмгузорӣ дар тозагии муҳити зист

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

   Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва КДФ ХМК-и ноҳия дар деҳу маҳаллаҳои ноҳия аксияи муштарак зери унвони "Тозагии муҳити зист" гузаронида шуд. Дар ин рӯз барои кӯмаки ташаббускорон ҳамзамон 20 адад нақлиёти боркаш, ду мошини борбардор ва як адад нақлиёти обпошӣ ҷалб гардид.
Иштирокчиёни аксия бо истифода аз нақлиёти ёрирасон партовҳои кӯчаҳои марказии ноҳияро тоза карда ба партовгоҳи берун аз ҳудуди ноҳия бароварданд. Тавре масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкилу баргузории аксияи мазкур тоза кардани кӯчаҳои марказии ноҳия ва пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ дар фасли гармои тобистон мебошад.