ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати дуруст истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи хурока имрӯз бо иштироки Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун- раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо чанде аз оилаҳои деҳаи “Орзӯ”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона”  баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин бо сокинон ҳамсуҳбат гардида, иброз доштанд, ки дар сурати дуруст истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ сокинон метавонанд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозор бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда гузоранд. Зикр гардид, ки истифодаи самараноки замин ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда аз омилҳои муҳими пешгирӣ аз болоравии беасоси нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо мебошад.