Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Чордара” баҳри тарбияи насли ояндасозӣ кишвар равона гардидааст.

Восеъ:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чордара-МТМУ №60”-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзоёни ташкилот  гузаронида шуд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чордара-МТМУ №60” дар давоми фаъолияти худ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 якқатор корҳоро бо сомон расонидааст. Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда, махсусан, дар тарбияи насли наврас назаррас буда, мунтазам ба онҳо соатҳои тарбиявӣ баҳри фарқи некро аз бад, сиёҳро аз сафед гузаронида шуда, онҳоро барои дӯст доштани ватану модар, ҳифзу эҳтироми муқаддасоти миллӣ, дур будан аз гурӯҳҳои тунду ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ талқин менамоянд.

Дар идомаи бо овоздиҳӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чордара-МТМУ №60” Шарипов Анвар роҳбари ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, худи раиси ташкилот ба Конференсияи навбатӣ пешбарӣ гардид.