Таљрибае, ки бояд омўхт

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Хонум Давлатова, сокини Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати беш аз 0,10 гектар навъҳои гуногуни маҳсулот кишт намуда, дар ҳоли ҳозир аз дастранҷи  хеш ҳосили хуб ҷамъ оварда истодааст.

Роҳбари давалат дар мулоқотҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки ҳар қитъа заминро бояд самаранок истифод карда, аз он то чор ҳосил бояд гирифт. Ин нуқта рӯзи 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара зимни вохӯрии Сарвари мамлакат бо фаъолони вилояти Хатлон бори дигар таъкид гашт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
 

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дош-танд, ки ҳоло фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд. Яъне мо бояд аз имрӯз сар карда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омода шавем.
 

Хонум Давлатова мегӯяд, ки аз таъкидҳои Роҳбари давлат, хусусан оид ба истифодаи мақсадноки замин илҳом гирифта, аҳли оилаи онҳо аз замини наздиҳавлигияшон се-чор ҳосил мерӯёнанд. Ба андешаи ин зани кордон яке аз омилҳои  болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори минтақа ва ҷумҳурӣ дар баъзе ҳолатҳо самаранок истифода нагардидани заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои кишоварзӣ мебошад.   
 Ба гуфтаи ӯ баъзеҳо замини зиёд доранд, аммо онро самаранок  истифода намебаранд.    

Ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигии Хонум Давлатова самараноку оқилона истифода шуда, саҳни ҳавлияш хеле зебо ороста шудааст. Картошка, ҷуворимака, помидор, бодирнг, лубиёгӣ ва қаланфури ширин бештар кишт карда, дар ҳама фасли сол оилаи худро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.m Фарзандонаш ҳама ба воя расидаву соҳиби касбу кор ҳам бошанд, аммо дар кори деҳқонӣ дастёри модар ҳастанд.   Бо ташкили гармхона аҳли оила бо маҳсулоти тару тоза таъмин шуда, вазъи иқтисодии он беҳтар мешавад. Аз ин хотир ин зани кордон тавсия медиҳад, ки занҳо дар ин ҷода бояд фаъол бошанд.  
 

Имсол ӯ пас аз ҷамъоварии ҳосили хуби  картошка таҷрибаи аввалини худро дар самти пахтакорӣ санҷиданист ва қариб нисфи заминашро пахтаи аълосифт кишт карда, ҳоло ниҳолони он низ хуб нашъу намо доранд.Зимни суҳбат бо Хонум Давлатова мушоҳида намудем, ки дар баробари кишти маҳсулотҳои кишиоварзӣ, инчунин дар самти боғдорӣ низ   таҷрибаи хуб дорад. Дархтони пурмеваи зардолу, шафтолу ва нок далели гуфтаҳои боло мебошанд. Ҳоло консерва  ва шарбату шириниҳо омода ва захира намуда истодааст.  
 

Хонум Давлатова таҷрибаи хубе барои хушконидан ва нигоҳдории меваи зардолу дорад. Ӯ тавсия медиҳад, ки барои хушконидани мева   мебояд аз нафарони соҳибтаҷриба маслиҳат гирифт, зеро иқлими минтақаи Бохтар гарм  буда, дар ин ҷода нозукиҳои хосса лозим меояд. Хонум Давлатова мегӯяд, ки деҳқони асил ҳар куҷое бошад, ризқи худро меёбад ва дастархони чандин оиларо пурнозу неъмат мегардонад. Ба ин хотир барои манфиати бештар ба даст овардан месазад, ки аз таҷрибаи дигар  деҳқонони муваффақ истифода намоем.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”