ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МОҲИЯТИ ОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 таърихи 27- апрели соли 2024 хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва моҳияти он” баргузор карда шуд.  

Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр иброз доштанд, ки эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт.Инчунин, дар ҷамъомад масъалаҳои марбут ба Рӯзи дониш низ аз тарафи масъулин ва роҳбарияти муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мавзӯи муҳими баррасишуда омодаги ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рузи дониш ва баргузории сифатноки дарси суҳ буданд.