НАШЪАМАНДӢ ВА СПИД ДУ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Бохтар: Андеша  

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур намуд. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд, ҳам аз нигоҳи падидаҳои номатлубе, мисли нашъамандӣ ва СПИД изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он назми ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад.

Мутаассифона, ин мушкилоти азим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва бемасъулиятшиносии қисме аз ҷавонон аллакай хатари зиёд шудани нашъамандону гирифторони бемории СПИД (норасоии масъунияти бадан) вуҷуд дорад. Пас чӣ бояд кард?

Шарти аввал саривақт ба ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мебошад, зеро ҷавони бекор дар фурсати давраи гузариш ба моҳияти амал чандон сарфаҳм намеравад. Дигар ташкили мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, намоишҳои телевизионӣ барномаҳои радиоӣ, тарғиб ба воситаи матбуотӣ даврӣ ба зуди паст кардани сатҳи афзоиши ин ду падидаи номатлуб аст. Аксари ҷавонони сустиродаи мо ба як санҷиш таъсири маводи муҳаддир ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд. Санҷиши амали бад манфиате ба бор намеорад.

Барҳақ, халқ ҳикматеро ба мо мерос додааст.

Бо моҳ шинӣ, чу моҳ гардӣ,

Бо дег шинӣ, сиёҳ гардӣ.

Нашъа алафи худрӯи заҳрнок буда, воридшавии он ба организми инсон ба пайдошавии бемориҳои мухталиф боис мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони мо набояд ояндаи дурахшони худро бо дуди ин алаф ба зулмот табдил диҳанд. Онҳо бояд чун ворисони асили Рӯдакиву Сино ба олами эљоду фарҳанг мароқ зоҳир намоянд. Танҳо илму маърифат метавонад шарики боэътимоди инсон бошад. Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гуфтааст: “Инсон бе санъату маърифат инсон нест”. Муносибати маҳрамона низ одоби худро дорад. Дар ин масъала низ ҷавононро иттилооти судбахш зарур аст. Умуман, тамоми фаъолияти меҳнатӣ ва маишии инсон бояд тибқи дастур сурат бигирад. Ҳатто оддитарин паҳлӯи зиндагии мо дорои қоидаи махсус аст.

Норасоии масъунияти бадан (СПИД) низ оқибати фалокатбор дорад. Аз ин рӯ, пеш аз иҷрои амале дар бораи оқибати он андешидан рисолати инсонии мост. Мо ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, набояд ба амали зишт муросо намоем. Зеро ба ҳуввияти миллии мо бегона аст. Пас барои расидан ба мақсад ҳамагон бояд ҷиҳати решакан кардани нашъамандӣ ва СПИД тадбирҳои мушаххас биандешем. Зеро:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Камоли маънавиёти инсон кафили амнияти кишвар аст. Пас, сиҳатии омма шарти рушди давлат буда, боиси тавоноии кишвар мегардад.

Фарҳод Саидов,- -аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо".