Аёдати собиқадорон яке аз амалҳои нек

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” санаи 06.05.2024 аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Азизов Иброҳим ва кормандони масъули ҳибӣ аёдати зани собиқадор Қобилова Лола ба роҳ монда шуд. Зимни аёдат масъулин аз ҳоли аҳволи апаи Лола пурсон шуда, ҳамзамон тӯҳфаи идона тақдим намуданд.Зимни аёдат гуфта шуд, ки имрӯз сокинони Тоҷикистон шукрона мекунанд, ки дар Ватани маҳбуби мо сулҳу субот пойдор аст ва мо дар шароите, ки дар кишварамон ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ба хотири ободии диёрамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати созанда машғулем.Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад.Бояд қайд намоем, ки аз иқдоми пешгирифтаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилова Лола- зани собиқадор хушнуд гардида, пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва ташаббускорони ин иқдомро дуои хайр намуданд.