ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР МАҲАЛЛАИ №3

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст. Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин ва Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон  бо сокинони Маҳаллаи №3 – и  Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳия вохӯриҳо баргузор намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.Дар вохӯрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.