ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТ АСТ.

Темурмалик: Андеша  

Ҷавонони мо, ки ояндаи давлат ва миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзу осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

            Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, ба ҷавонон хизмат ба Ватан–Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони кишварамон аст.

            Вобаста ба амалӣ намудани Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ дар байни ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо биёрад.

            Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо биёрад.

Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.