ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Норак:  

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ аксияи навбатии тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем"аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълими ва томактабӣ дар марказ шаҳри Норак доир гардид.

Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ яке аз рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардаасту минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб меёбад.

Нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.