АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ШАҲРИ НОРАК.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом мунтазам дар ташкилотҳои  ибтидои ҳизбӣ гузаронида мешавад.

Субҳи имрӯз дар маркази шаҳри Норак вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ ва дар рӯҳияи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 9-уми май-Рӯзи Ғалаба ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии шаҳр корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби аъзоён ва кормандони тамоми ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

Аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  бо меҳнати софдилона ва ғайрати зиёд баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи муҷассамаи қабри аскари номаълум ва тоза намудани заминҳои он аз алаф, хулоса тамоми шаҳр ҳамеша омодаанд.

Айни замон  ин иқдом аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Норак давом дорад.