ВАТАН ХОНАИ УМЕДИ МОСТ

Шаҳритуc: Андеша  

          Имрӯз ҷавонон дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун нерӯи бузурги зеҳнию ҷисмонӣ ва бунёдкору созанда эътироф гардидаанд. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати мамлакат ҳалли масъалаву мушкилоти ҳаёти наврасону ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии хеш мешуморад, аммо баъзе аз наврасону ҷавонони кишвар ба ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар нигоҳ накарда ба амалҳои номатлубе даст мезананд, ки ин қобили қабул нест. Чунончӣ мушоҳидаҳо нишон медиҳанд сабабҳои ба чунин амалҳо даст задани ин қишри ҷомеа беназоратии падару модар ва дур мондан аз таълиму тарбия мебошад. 

       Ватандӯстӣ муҳаббатро ба Ватани худ, ҷудонопазирӣ бо таърих, фарҳанг, дастовардҳо, мушкилот, ҷолиб ва ҷудонопазири он бо назардошти возеҳият ва ивазнашаванда, пояҳои маънавӣ ва ахлоқии шахсро ташаккул медиҳад, мавқеи шаҳрвандӣ ва зарурати ба фидокорӣ  ба Ватан хизмат мекунанд.

        Барои худшиносию ҳувияти миллиро пайдо намудан мо ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афканем  аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода барем. Ба олимону бузургон ва сиёсатмадорони гузаштаи худ пайравӣ кунем. Доимо ҳушёру зирак бошем, вақти худро беҳуда сарф накунем, барои аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, забонҳои гуногунро омӯзем, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошем  ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набарорем.

        Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерӯи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд».

           Ҳамин тариқ, на танҳо ҷавонон, балки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи  электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус