ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ, НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

“Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд” дар Паёми навбатӣ иброз доштаанд Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳақатан ҷавонон ояндаи миллат, нерӯи созанда ва қувваи бузург ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони кишвар зери ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта баҳри рушди ҷавонон дар кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар ин росто Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сиёсати рўй овардан ба ҷавонон»-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин росто тибқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият хоҳад дод. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хоса қарор дошта, ҷавонони ташаббускору соҳибистеъдод дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Бо ифтихор мебояд гуфт, ки ҷавонони мо имрӯз дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолияти назарас намуда истодаанд.

Тавре Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Албатта ҷавонон, ки ояндасозӣ давлат ва миллат ба ҳисоб мераванд бояд бо масъулияти баланди ватандорӣ, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ, ифтихор бо забони модарӣ намуда, саҳми босазои худро дар ҳама корҳои созандагӣ ва ободонии диёри азизамон гузоранд. Ҳар ҷое, ки бошанд манфиатҳои давлат ва миллатро аз ҳама боло гузошта, ватандӯст бошанд. Вақти қимати худро бештар ба донишомӯзӣ аз худ намудани касбу ҳунар сарф намоянд. Ҷавонон –созандагони Ватан мебошанд. Бояд ҳамеша дар ҳимояи марзу буми кишвари азизамон омода бошанд, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода аз давлат ва миллати худ ифтихор намоянд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ, Маликова Тахмина