ҶАВОНОН ДАСТГИРИИ ОНҲО ИДОМАИ МАНТИҚИИ ПИЁДАСОЗИИ СТРАТЕГИЯҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

Данғара: Андеша  

Давоми солҳои соҳибистиқлоли таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо  ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

Ҳамасола 23 – май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон  гардид, ки ин ҳам таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат ниисбати  ҷавонон мебошад. Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони  даврони  соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои  шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Дар гузашта муносибати давлат ба ҷавонондар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ хусусияти синфи касб намуда буд. Сабаб дар он аст,  ки масъалаи  ҷавонон ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муқаррар намудани мақоми онҳо на танҳо ба низоми қоидаҳои рафтори одамон, инчунин ба низоми давлатдорию давлатсозӣ ва асосҳои сохтори давлатӣ низ таъсиргузор мебошад. Метавон гуфт, ин меъёрҳо сарчашмаи асосии ташаккули давлат ва рушду тараққиёти он мебошанд. Меҳвари асосиро дар ин ҷода Конститутсия касб менамояд. Бе доштани Конститутсияи ба талаботи замон мувофиқ ва инъикоскунандаи ҳадафҳои миллӣ, устувор нигоҳ доштани низоми давлтдорӣ ва рушду  тараққӣ додани давлат ғайриимкон мебошад.

Конститутсия ҳамчун шиносномаи миллату давлатро дар дохил ва арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститусияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 қабулгардид, барои халқи тоҷик ва давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон  на танҳо як санади олии ҳуқуқӣ, инчунин, муаррифгари он дар низоми қонунэҷоднамоӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ  дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст. Ба ибораи дигар, ҳар халқ ҳамон Конститутсияеро дорад, ки ба он сазовор аст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ нисбати мақом ва рушди ҷавонон гузошта шудааст. доираи тағйиру иловаҳои соли 2016 бошад, ин заминаи ҳуқуқиро васеътар гардонид. Барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоивуфарҳангии мамлакат шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. Қисмати муҳими тағйиру иловаҳо идомаи мантиқии пиёдашавии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии ҷавонон ташкил медиҳад. Имконияти ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ ҷалб намудани ҷавонон аз синни 30- солагӣ яке аз чунин дастовардҳо мебошад.

Дар моддаи 30 – и Конститусия омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”. Конститутсия  ба мо ҷавонон имконияти фаррохи гуногунандешӣ ва озодии суханро фароҳам овардааст.  Ин имконияти демократӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби мо ба хотири инкишофи тафаккур ва сатҳи дониш истифода гардад ва дар чорчӯбаи он бояд риояи қатъии арзишҳои ахлоқии миллӣ бо дарназардошти пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ бошад.  Ин санади олии ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои  сиёсии мо ҷавононро мукаммал сохта, роҳи иштироки бевоситаи моро дар пешбурди низоми давлатдорӣ фаррох намуд.

Мувофиқи моддаи 27 – и Конститусияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд”. Чунин меъёри муқаррарнамудаи ҳуқуқӣ заминаи қонунӣ фароҳам овард, ки ҷавонон низ дар қатори насли калонсоли ҷомеа дар сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ фаъолият намуда, ҷиҳати бунёди давлати тараққикардаи миллӣ саҳмгузор бошанд.

МАҲМАДАЛИЕВ Ардашер – хонандаи синфи 11 – “Мактаби Президентӣ  барои кӯдакони болаёқат” дар ноҳияи Данғара