ҲИФЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Данғара:  

Имрӯз  18 – апрели соли 2023 бахшида ба элон гардидани рӯзи “Ҳифзи байналмилаии ёдгориҳои таърихӣ” , кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии таърихӣ – фарҳангии Данғара дар якҷояги бо кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Данғара бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №26, аз Оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дидан намуданд.  Асомуддинова Майдагул -  мудири шуъбаи таърихи дунёи қадим, аз Оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дидан намуданд ва аз таърихи пайдоши ин Оромгоҳро ба хонандагон шиносоӣ намуд.   Бояд гуфт, ки мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад.. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, соли 2023 барои кормандони соҳаи фарҳанг соли пур аз дастовардҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, зеро дар ин сол 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби  эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, ҳоло ин ёдгориҳо барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардуми мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон хизмат менамоянд.