ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТКОРИ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо иштироки масъудини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҲХДТ мулоқот дар мавзуи болозикр баргузор карда шуд.Дар мулоқот намяндагони ҳизби зимни суханрони дар назди аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия иброз доштанд, ки наврасӣ айёмест, ки шахс дар ин овон фориғ аз ҳама гуна мушкилоти рӯзгор танҳо ба таҳсил машғул буда, роҳи минбаъдаи хешро муайян месозаду дар ботини хеш орзуву мақсадҳои гуногунро мепарварад ва танҳо фикру хаёлаш ба он равона мегардад, то онҳоро дар раванди зиндагӣ амалӣ созад.Имрӯз наврасони мо дар роҳи илмомӯзӣ ба зинаҳои хеле баланд муваффақ гардидаанд. Далели ин гуфтаҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани онҳо дар олимпиадаҳои фаннии хориҷ аз кишвар мебошад.Мутаассифона, имрӯз баъзе аз наврасону ноболиғоне низ ҳастанд, ки ба ҷои илму дониш омӯхтану пайи таҳсил будан, даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананду равонаи роҳи нодурусте мегарданд, ки оқибати он ба ғайр аз афсӯсу пушаймонӣ дигар чизе нахоҳад буд. Мушкилоти ба амалҳои номатлуб даст задани ноболиғон яке аз проблемаҳои доғи рӯз буда, он нигаронкунанда мебошад. Худ аз худ маълум аст, ки бо паст рафтани сифати фаъолияти соҳаи маориф ва дур мондани насли наврас аз таълим, миқдори ҷинояткорӣ дар байни наврасон меафзояд. Хушбахтона, имрӯзҳо бо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштани кишвар дар ҳамаи соҳаҳо, аз ин ҷумла дар соҳаи маориф ва бо баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум теъдоди ҷинояткорӣ дар байни наврасон дар қиёс ба солҳои пеш хеле ва хеле коҳиш ёфтааст. Албатта, ҳамаи бо дастгирии бевоситаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даровардани ислоҳоти бузург ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои дахлдор ба даст омадааст.