АФЗАЛИЯТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ШУУРИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ 

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ин ё он шакли муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Чунин муносибат мумкин мусбат ё ин ки манфӣ бошад. Агар инсон арзиш ва зарурати ҳуқуқро дар ҷомеа дарк намояд, он гоҳ муносибат ба ҳуқуқ мусбат мебошад ва баръакс агар инсон ҳуқуқро ҳамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, он гоҳ муносибати худро ба ҳамаи он чизҳое, ки предмети батанзимдарории ҳуқуқ мебошад, дар ин ё он шакл бо таври манфӣ ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки моҳияти ҳуқуқ метавонад самаранок, оқилона ва пуртаъсир бошад.Бояд дар назар дошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад. Зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд. Шуури ҳуқуқӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ, ақидаҳои сиёсиву мафкуравӣ ва динӣ зич алоқаманд аст. Чунки тасаввуроти инсон доир ба олам, қонунҳои умумии инкишофи табиат ва ҷомеа, таносуби шуур ва ҳаёт дар шуури ҳуқуқӣ инъикос мегардад. Муносибат ба ҳуқуқ бисёр вақт вобаста ба ақидаи сиёсӣ муайян карда мешавад.

Ба шуури ҳуқуқӣ дин низ таъсир мерасонад. Зеро одамони дорои эътиқоди динӣ ба ҳуқуқ аз нигоҳи фаҳмиши динӣ баҳо медиҳанд.

Агар мо ҳуқуқро ҳамчун воқеияти объективӣ баҳо диҳем, он гоҳ бояд мавҷудияти аксуламали субъективии одамонро ба ҳуқуқ, ки шуури ҳуқуқиро ташкил медиҳад, эътироф намоем. Шуури ҳуқуқӣ ҳамрадифи ногузири ҳуқуқ мебошад. Зеро ҳуқуқ танзимкунандаи муносибати байни одамон мебошад. Аз тарафи дигар, ҷараёни эҷоди қонунҳо ба фаъолияти бошууронаи одамон алоқаманд аст. Аз ин ҷо ҳуқуқ натиҷаи маҳсули чунин фаъолият мебошад. Он чиз низ маълум аст, ки ҷараёни ба ҳаёт татбиқ шудани ҳуқуқ одатан натиҷаи фаъолияти бошуурона ва иродавии одамон мебошад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани кори бошуурона шуда метавонад. Ба сифати фаъолияти шуур инчунин татбиқи ҳуқуқ дар ҳаёти ҳар яки мо мисол шуда метавонад. Зеро ҳангоми содир намудани амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мо на матни санади меъёрӣ, балки тасаввуротеро, ки оид ба он дар шуури мо пайдо шудааст, ба инобат мегирем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҷумла, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи коррупсия низ имконияти коҳишёбӣ дар кишвар дорад.Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат марҳилаи нави рушди ҷомеа мебошад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони кишвар бошад.Дар маҷмуъ, бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабулшудаанд. Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳ доштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад. Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати кишвар сокинони кишварро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд. Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа - марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳмгузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ гузоранд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошанд:

-ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;

-тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;

-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ.

Субҳиддин ОЙЕВ ,

магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”