ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Вокуниш  

  Ҷавонон воқеан қувваи бузург ва нерӯи тавоно ҳастанд. Сафарбар намудани ин нерӯи азим ба роҳи созанда барои тараққиёти кишвар мусоидат намуда, амният ва суботи онро низ таъмин месозад.Ҷавонон дар ҳар давру замон қишри муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта дар раванди давлатдорӣ таъсири хешро мерасонанд.

        Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуда онҳоро ба хондан, аз худкунии илму дониш, дӯст доштани  Ватан, ҳушёру зирак будан даъват менамоянд.

         Имрӯзҳо авзои сиёсии минтақаву ҷаҳон ноором буда дар он гӯруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки бар зидди ҳукуматҳои қонунӣ ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкор бурда, ҷавонони сустирода ва зудбоварро бо фиребу найранг ва бо ваъдаҳои маблағҳои калон ба доми худ кашида, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сафарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз падидаҳои номатлуд дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад.

         Зери калимаи номатлуд амалҳои ҷавононро  ба мисли бефарҳангӣ, (тарбияи бад доштан), сигоркашӣ, нашъамндӣ, дуздӣ, ришваситонӣ, (тамоми амалҳои ҷиноӣ), шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ, экстремистӣ  ва ғайраҳо  фаҳмидан мумкин аст, ки агар мо садди  роҳи ин падидаҳои номатлуб нашавем, ин падидаҳо дар пайи худ ба амният ва суботи ҷомеа ва давлат хатар эҷод намуда, фазои ороми кишварро халалдор месозад.

         Чи тавре, ки мегӯянд, пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, пас мо бояд ҷавононро пайваста ба роҳи Ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем ва тамоми қишрҳои ҷомеа даст ба дасти ҳам гирифта ба муқобили ин падидаҳои номатлуби  замон мубориза барем  ва нагузорем, ки душманони миллати тоҷик оромиву сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистонро бо дастони худамон ноором кунанд. 

 

Мирзоқулов Ҷ. - Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.