МУҲАММАДИҚБОЛРО ПАДАРАШ ГУМРОҲ КАРД! (Падаре, ки фарзандашро мисли худаш гумроҳ кард)

Бохтар: Вокуниш  

Аз даврони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз афрод, ки мардумро гумроҳ кард, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад.

Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқболро барои сабақи динӣ гирифтан ба домулоҳои бонуфузи он замона супурда буд.

Ёдовар мегардем, ки тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Мутаассифона, Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз қурбонии муҳите гаштааст, ки падараш ва ҳамдастони падараш аз ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммадиқбол низ яке аз онҳост, ки кори худро бо мардумфиребӣ, хиёнат барои давлату миллати худ анҷом медод. Бо чеҳраи аслии яке аз ин хоинон чанд сол пеш дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" ва амалҳои хоинона шинос шудем. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба доми чунин авбошону гумроҳон наафтем.

Зебо Сабурова - узви ҲХДТ аз шаҳри Бохтар.