КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОН БАРОИ КОР ДАР НБО-И РОҒУН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади ҷалб намудани сокинони шаҳр ва корҷӯён ба ҷойҳои кории холӣ, хусусан кор дар НБО-и Роғун вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло ва мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Шарипов Бахтовар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадашон қайд намуданд, ки НБО-и Роғун яке аз калонтарин нерӯгоҳ дар кишвар ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмонаш оғоз ёфт. Халқи заҳматкаши тоҷик саҳми арзандаи худро дар ин нерӯгоҳи азим гузошта истодаанд. Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 10 нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб ва ба қайд гирифта шуда, ба 5 нафарашон роҳхат барои кор дар НБО-и Роғун дода шуд. Корҳои фаҳмондадаҳӣ бо сокинони шаҳр дар ин самт бо маром идома доранд.