ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД БАЙНИ НАВРАСОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии “куштӣ” гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта қувваозмоӣ кардан) бармеояд.
Паҳлавонони навраси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат” – и ноҳияи Данғара дар мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” байни наврасон ва ҷавонон аз рӯйи намуди “Гӯштини тарзи озод” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта ва аз ҷониби маъмурияти муассиса қадрдонии гардиданд.