МУЛОҚОТ БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҳамадонӣ

КОЛМАН БАРКС - МУБАЛЛИҒИ МАВЛОНО ДАР АМРИКО. / БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 49. / ПАСТ БУДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БОИСИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ. САРЧАШМААШ ПАСТ ӢУДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МЕБОШАД. / ИДОМАИ БОМАРОМИ ШАНБЕГӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ШАҲРАК МАҲАЛ. / САЙРИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ, КИ САМАРАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР. / ҶАВОНОНИ МО БОЯД ПЕШ ҲАМА ҒУРУРИ МИЛЛӢ, ШУУРИ МИЛЛӢ, ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДОШТА БОШАНД. / КИТОБИ УСТОД АЙНИРО НАВ БО АНГЛИСӢ ТАРҶУМА КАРДАНД ВА АЛЛАКАЙ 120 КИТОБХОНАИ ДУНЁ ОНРО ХАРИДОРӢ КАРД. /

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид. Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия   баромад намуда қайд карданд, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони мо ҳиссу ғурури баланди ватандорӣ дошта, барои ҳифзу ҳимояи ҳар порча хоки Ватан худро сипар карда, бечуну чаро ҷони худро дар роҳи озодиву осоиштагии ин сарзамини аҷдодиамон фидо мекунанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Инчунин дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оворагардӣ, фарҳангӣ бегона ва маданияти шаҳрнишинӣ суханронӣ карда шуд.