Суҳбат бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чуқурак» бо хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар ин перомуни мавзуъҳои доғи рӯз, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористиву экстремистӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ, оммавӣ гаридонидани варзиш ва бедор намудани завқи ҷавонон ба ин мусобиқаҳо, рушди ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар мавзуъҳои рӯзмарра ҳарф заданд.

Ҳамчунин, бобати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзу тозагии муҳити зист, пешгирӣ аз ҷинояту қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, тарбияи дуруст дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пӯшидани либоси миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ ва ғайраҳо суҳбат ороста шуд, ки ҷавонон маълумоти бештар бардоштанд.