АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Себистон ва шахси саховатпешаи деҳоти Розиён Саидов Саъдулло дар арафаи ҷашни Наврӯз хатнасури 10  -  нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат ба ифтихори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои хайрхоҳона яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз мебошад, ки аз ҷониби шахсони ҳимматбаланд ва ватандӯст роҳандозӣ гардида истодааст.