ҶАВОНОН АЗ САБАБИ НАДОШТАНИ САВОДИ КОФӢ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ МЕПАЙВАНДАНД.

Бохтар: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, муносибатҳои духура нисбати ин омилҳо ва вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон њамегша таакидњо менамояд.

Аз ҷумла дар мулоқоташон бо фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин қайд карданд, ки «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям.»

Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.

Тоҷикистон давлати демократӣ буда, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаъолият менамоянд. Давлат барои ҳар як ҳизб имконияти баробари иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ додааст.

Аммо бархе аз гурӯҳҳои бадхоҳу ҷиноятпеша ин имкониятро ҳамчун маҳаки ташвиқоту таблиғот барои расидан ба манфиатҳои нопоки худ истифода бурданд. 

Дар ин радиф ТТЭ ҲНИ  мехост, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ба сари қудрат омада Тоҷикистонро ба хоҷагони хориҷиаш таслим кунад. Аммо хушбахтона ба мақсади нопокаш нарасид.

Саркардагони собиқ ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд ва режими террористии худро тариқи хоҷагонашон амалӣ карда истодаанд. Онҳо аз сабаби надоштани саводи кофӣ ҷавононро ба гурўҳҳои ифротӣ даъват карда истодаанд.

Хоҷагонашон  медонанд, ки ин тоифа хоинон бо иҷро кардани ҷиноятҳои вазнин мехоҳанд дубора  Тоҷикистонро ба ҷанг кашанд. Аъзои   ин ҳизб Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо туҳмату дуруғу буҳтон баромадҳо намуда истодаанд. Аъзои Гуруҳи 24 низ айнан  бо кирдорҳои ношоями худ ҷавононро мехоҳанд гумроҳ намоянд.  Худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон босавод муаррифӣ менамоянд, ки гуё ҳеҷ кас бо онҳо муқобилият карда наметавонад. Дар асл ҳамаи онҳо беҳудагуву ҳанноту фиребгарони шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Актёрҳои ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар ҳастанд, ки бо дасти хоҷагони хориҷиашон барои корҳои ифлос ва зиддиинсонӣ омода гардида истодаанд.

 Бояд зикр намуд, ки яке аз тадбирҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм ташаккули пойгоҳии ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳурот мебошад, ки дар кишвари мо алакай корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодаанд.

Аз тадбирҳои дигари пешгирии терорризм ва экстремизм метавон муайян намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва аз байн бурдани чунин сабабу шароитҳо мебошад. Баъзан ҷавонон аз сабаби надоштани саводи кофии динӣ, дур мондан аз тарбия ва назорати падару модар, сӯҳбат бо шахсони ифротӣ, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада, ё ин, ки њангоми муњољирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба доми бало меафтанд, ки дар сурати ислоҳ шудан давлат шароити авфи онҳоро муқаррар кардааст.

Шабакаи ҷаҳонии интернет имрӯз ба яке аз манбаҳои асосии паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба муҳорибаҳои ҷангӣ муббадал гаштааст.

Мутаассифона шабакаҳои иҷтимоӣ барои роҳандозӣ намудани ҳамлаҳои густурдаи иттилоотӣ ба тафаккури мардум имконият фароҳам овардааст.

Аз самтҳои дигари муҳими мубориза бо терроризм ва экстремизм ин сари вақт ошкор намудан ва тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ба чунин ҷиноятҳо дастзада мебошад.

Новобаста ба ин тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз шомили кадом дину миллат буданашон шукрона аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз менамоянд. Мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон абадӣ боқӣ бимонад ва истиқлолияташ умри бепоён дошта бошад.

Мо мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои шумро, ки солҳои навадум дар кишвари мо ба вуқуъ омаданду боиси ҷанги шаҳрванди гардиданд, ҳеҷ гоҳ фаромуш накардаанд. Аз ҷавонони кишвар хоҳиш менамоем, ки ба доми гуруҳҳои бадхоҳ наафтанд, бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ нашаванд ва барои ободии Ватан ва химояи он, инчунин эҳтирому ҳурмати падару модари худ ҳамеша камари ҳиммат банданд. 

 

Саидзода Рањмон-муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар