Кӯмаки навбатии вакил дар моҳи мубораки Рамазон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии табақаи ниёзманд ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Азизов Саймухтор ба панҷ нафар оилаи ниёзманд кӯмаки молӣ ва моддӣ расонида шуд.

Ин иқдоми хайрхоҳона бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, ки пайваста вакилону шахсони дорои имкониятро ба чунин амалҳои нек ҷалб месозад, роҳандозӣ карда шуд. Кӯмаки мазкур аз ҷониби Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ба ниёзмандон дастрас гардид.

Бояд қайд намоем, ки рисолати вакилӣ ин будан миёни мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтимсодии онҳо мебошад. Вакилони мардумии ноҳияи Восеъ масъулият эҳсос намуда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми муносиби хешро гузошта, ҳамеша дастгирӣ табақаҳои ниёзманд  мебошанд.