ТАЪМИРИ ПУЛ ВА МУМФАРШКУНИИ БАЪЗЕ АЗ ҚИСМАТҲОИ РОҲҲО!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо  ва роҳҳо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бо маром рафта истодаст.

Чунин ташаббус бо саҳми аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “МНДРА-ДЭУ” роҳандозӣ гардид, ки онҳо кӯпуки дар шоҳроҳи Душанбе-Восеъ-Кӯлоб воқеъ бударо таъмир ва ҳамзамон баъзе аз қисматҳои осебгардидаи роҳро мумфарш намуданд.

Бояд қайд намуд, ки раиси ташкилоти ибтидоии “МНДРА-ДЭУ” ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ буда, бо аъзоёни фаъоли ҳизбӣ баҳри ободу зебо намудан ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мунтазам дар корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои амалҳои хайр саҳмгузорӣ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Восеъ барои таъмир ва роҳсози шароити хуб муҳайё мебошад. Зеро дар ноҳия корхонаи коркард ва истеҳсоли сангу шағал ва омехтанамои онҳо бо мум фаъолият намуда, мутахассисон ва нақлиётҳои лозими мавҷуд мебошад.