ЧАКАН ОСОРИ БЕҲТАРИНИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН АСТ

Данғара: Андеша  

Пайдоиши гулдӯзии чакан, бешубҳа бо пайдоиши кирмаки пилла ва роҳи абрешим дар ин сарзамин пайванд аст. Чакан таърихи хеле қадима дорад. Приоҳани чакан бо нақшҳои гуногун оро ёфта, зебою мафтункунандаанд. Зеро риштаҳое, ки баҳри гулдӯзӣ истифода мебаранд, аз нахи птлла тайёр мешавад. Оре, вожаи чакан таи солҳои охир хеле маъмул гардид, ки модарону бонувони мо дар иду ҷашнҳо аз ин пироҳани гулдӯзӣ ба бар мекунанд. Нақши чакану гулдӯзиҳо дар ороиши ҷиҳози арӯс хеле зиёд дида мешуд. Чодари деворӣ, тоқӣ ва болиштҳои гулдӯзии рангоранг, тоқию болишт ва сӯзаниҳои пурнақши бо чирадастӣ дӯхта шуда, басо сертаровату назаррабоянд, ки гӯё дар он гулҳои табиати зинда ҷилва доранд.  Албатта, ҳоло бонуи тоҷик куртаҳои чакану атласи зебанда ба бар карда симои тоҷиконаи худро муаррифӣ менамоянд. Ҳоло ҳар як духтаре, ки ба воя мерасад, ҳатман аз ҳунари гулдӯзӣ бархурдор аст ва лозим мешуморад, ки ҷиҳозашро бо дарзу пироҳанги гулдӯзӣ оро диҳад. Албатта, ҳоло низ намудҳои пироҳани чакане ҳаст, ки бонувони моро зебою ҷолиб ҷилва медиҳад. бо ҳидоятҳои модарони меҳрубон  ҳунари гулдӯзии чакан ҳанӯз аз кӯдакию наврасӣ бо завқу хоҳише дар ниҳоду табиатшон падид меоянд. Вале Худоро шукр, ки ин анъанаи пешиниён, ин ҳунари чандинҳазорсолаи мо аз байн нарафт, ба танзим даровардани либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ гардид. Дар ҳақиқат ба инсон пеш аз ҳама аз либосаш баҳо медиҳанд ва ифтихор аз тоҷик буданашон мефахранд. Баръакс гулдӯзиҳои чаканро солҳои охир ҳунармандони чирадасти махсус бо як маҳорати аҷиб рӯи матоъҳои гуногун меофаранд. Нақшҳое, ки рӯи матоъҳои сурху сафед ва зарду сабз ҳаётӣ шудаанд, хеле аҷибанд, ки дар пироҳанҳо ва чодари деворӣ косагул мавқеӣ асосӣ дорад, ки он рамзи меҳр – офтоб мебошад. Масалан ҳоло дар ҷашни арӯсӣ бо пироҳани тоҷикона арӯсро ба хонаи бахт гусел мекунанд. Оре, чакан осори беҳтарини гулдӯзии тоҷикон буда, месазад, ки дар оянда низ боз ҳам бештар ин ҳунар ривоҷу равнақ ёбад. Хушбахтона, ҳоло таваҷҷуҳ ба ин пироҳани чакан бештар шудааст, ки ҳифзу эҳёи он ҳама суннатҳои миллатсоз натанҳо дастовардҳои фарҳангӣ, балки вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мост.

Пас биёед, бонувони азизи, фарҳанги пироҳани чакану гулдӯзии хешро ан нав эҳё намоем ва ба ҳусни рӯзафзуни ботиниамон биафзоем ва тоҷикона бипушем.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара