НАМОИШИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР ДОИРАИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Восеъ: Созандагони ватан  

Яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ, ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соибфарҳангӣ, барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошад, ки баҳри таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.Дар замони соҳиистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд ёфта истодааст.Дар ноҳияи Восеъ низ таваҷҷӯҳи ҷавонон ба бозиҳои миллии варзишӣ бештар гардидааст. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳу ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯзҳо  варзишгарони ноҳия дар бозиҳои миллии варзишӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданду парчами Тоҷикистони азизро боз ҳам парафшонтар менамоянд. Дар доираи тантанаҳои Наврӯзӣ дар майдони Гулгашти ноҳияи Восеъ бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода шуд, инчунин дастовардҳои варзишгарони ноҳия низ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.