ХОНИШҲОИ СИЁСИ МИЁНИ ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

Данғара: Созандагони ватан  

Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни волидайни хонандагони синфҳои 10 то 11 ва ҷавонони синни 17 сола ва волидайни онҳо дар ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили сазовори 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин бо хонандагону кормандон ва падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 77 ноҳияи Данғара сӯҳбату вохуриҳо доир гардид.

Зимнан, аз ҷониби масъулин вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд.