Роҳбари муассисаи таълимӣ набояд тасодуфӣ бошад.

Темурмалик: Вокуниш  

         Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъона рой ба мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи Ҷумҳурӣ тарбияи Ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола аз даврони солҳои аввали истиқлолият соҳаи маориф ҳамчун соҳаи авзалиятнок дар мадди таваҷуҳи  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус роҳбари маорифпарвари Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

         Пайваста таҳким бахшида ба замимаҳои моддию техникӣ муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар далели ин гуфтаҳост.

         Ин ҳама ғамхориҳои сарвари давлат саъю  талошҳои  нав дар нави тамоми волидайн, ҷомеа бахусус тамоми кормандони соҳаи маорифро  тақозо менамояд то барои оянда насли худогоҳу ватандустро тарбия намоем.

         Дар ин муҳлати кутоҳ 32-соли истиқлолият ба ин соҳа он қадар шароитҳои мусоидро фароҳам намуд, ки таърихи кишвар чунин дастовардҳои назаррасро надидабуд.

         Яке аз дастовардҳои муҳими соҳа ин таъмини хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар бо китобҳои дарсӣ, ба вуҷудоии китобхонаҳои электронӣ пайваст гардидани онҳо бо шабакаҳои интернети далели онанд, ки давлати мо пайваста дар тамоми талоши аз худ кардани илму ирфон аст.

         Бояд иқрор шуд, ки аз ин шароитҳои мусоид фақат метавон дар ҳамин шароит самаранок истифода бурд, ки ниҳодҳои иҷтимоӣ оила, мактаб ва ҷомеа дастаҷамъона сари мақсад омада амал намояд.

         Ҳамзамон дар ин баробар нақши роҳбари муассисаи таълимӣ басе нақши созандаро мебозад.

         Роҳбари муассиса на нафаре тасодуфӣ балки соҳибмаълумот, мутахасиси олии калбӣ пуршарафи омӯзгорӣ, бо одобу дониши худ фарқкунанда бошад.

         Баробари омӯзгорӣ намуна будан донишҳои хуби сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳа бошад.

         Таъсири манфии роҳбари тасодуфӣ муассисаи таълимӣ, ки чанд сол ба таври бояду шояд фаъолият намудааст метавонад даҳсолаҳо таъсире ба ояндаи қаламрав дошта бошад.

         Ба амалишавии тамоми қонун кишвар бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар таълиму тарбияи фазанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон»

         Роҳбар хоҳ зан бошад, хоҳ мард чунонки дар китоби, «Мониши Тоҷик» омадааст: Як марди тоҷик чун фарзанди миллати озодаву бошарафи ҳамаеша ин, дониш , ихтисос, биниш ва маҳорати баланд дошта бошад, зеро тоҷик ҳар гиз ҷоҳил, нодон, бесавод ва иртиҷои нест. E аз фанни замони худ огоҳ буда ҳушёрии миллию сиёси дорад ҷони худро ба ҷони ватан пайванд дониса, ҳимояи марзу буми ватан, шарафу номусу арзишҳои миллӣ ба манфиати давлату миллаташро вазифаи муқадаси худ донад.

         Ватандорӣ натанҳо арзишу ҷаҳонбинӣ, балки манфиату рисолату ифтихори шахсиву номусву ҳаётии у бошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода М. Ш.