Мулоқоти муфид бо модарон аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни баргузории тантанаҳои Наврӯзӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар қисми низомии 13483-и ноҳия бо модарону занони фаъоле, ки  дар Аксияи “Дидори волидайн бо сарбозон” иштирок доштанд, мулоқот оростанд.Зимни сӯҳбат  раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро модарону занонро бо ҷашни байналмиллалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба ҳами онҳо комёбиву бурдбориҳо, зиндагии осоишта, рӯзгори босаодат ва тинҷу осоиштаги дар ҳар як хонадони модарони тоҷикро таманно намуданд. Ҳамзамон аз модарон даъват ба амал оварданд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоянд, то ки онҳо номбардору парчамбардорони ин кишвар гардида, ояндаи Тоҷикистони азизро дурахшонтар гардонанд