Тантанаҳои Наврӯзӣ дар қисмӣ низомии 13483-и ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Дар пешорӯи оғози даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизмати сарбозон, гурӯҳи модарон ба қисми ҳарбӣ 13483 –и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Тадбири мазкур бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Раҳмон дар доираи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ роҳандозӣ гардид. Иштирокчиёни аёдат аз қисми ҳарбӣ аз шароити ҷои хоб ва истироҳати сарбозон ва дигар нуқтаҳои хизмати аскарон дидан намуданд.

Дар доираи ин сафар ҳамчунин меҳмонон аз бинои таълимӣ ва шароитҳои китобхонаи қисми ҳарбӣ шинос гардиданд. Дар ин китобхона китобҳо аз осори адибони классик ва муосири тоҷик гирд оварда шуда, сарбозон имкон доранд, ки  бо мутолеа аз ин ганҷҳои маънавӣ савияи донишу малака, сатҳи ҷаҳонбиниву маънавиёти худро баланд бардоранд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ дар мулоқот бо сарбозон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ  ва намояндагони МИҲД ноҳия дар баромадашон қайд намуданд, ки хизмат дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мактаби ҷавонмарди маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботҳои оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин муҳити идона барои хизмати софдилона ба як қатор сарбозон аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Сипас дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия барои сарбозон барномаи рангини консертиро намоиш доданд.