ШИНОХТАН ВА БЛОК МОНДАНИ ИН ХОИНИ ГУЗАРОРО ФАРЗ ВА АМАЛИ ҶАВОНМАРДӢ МЕДОНАМ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Мусаллам аст, ки солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дорои имконияти хеле зиёд мебошанд. Айни замон онҳо ба як воситаи муҳими муошират табдил ёфтаанд. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «FACEBOOK», «YOUTUBE», «WHATSAPP», «МESSENGER» ва «INSTAGRAM» мебошанд.

      Дар ҳамаи ин шабакаҳои маъмул ва сербинанда дерест, ки нафаре бо ному насаби Сулаймони Форс ба иғвоангезӣ ва тафриқаандозӣ машғул буда, ҷиҳати пиёда кардани ҳадаф ва мақсадҳои нопоконаи хоҷагони хориҷияш бо сӯистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарафи Ватан - Модари худ санг мезанад. Маълум аст, ки ин хоини гузаро аз ин амалҳои пасти инсонии худ даст намекашад ва кашиданӣ ҳам нест. Ба қавле хар меравад Макка Мадина боз ҳамон хари қадима. Ба қавли дигар: Ҳазрати Исо (а) тавонист мурдаро зинда кунад, аммо Нӯҳ (а) натавонист зоти писарашро тағйир диҳад. 

Мурдаро мешавад зинда кард, вале зоти бад дуруст шудани нест. З -ин лиҳоз аз ҳама истифодабарандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии беназорат ва бе дару дарвоза эҳтиромана хоҳиш мекунам, шахси пасти мавриди назарро дар ҳар куҷои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дидед дарҳол блок - ба руйхати сиёҳ партоедаш. 

 

                    Ба қавли шоир:

Гӯши хар кӯтоҳ карди асп шуд оё магар,?

Ҷони ман зотист баъзе вижагиҳои башар.

 

Бахтзода Ҷомӣ, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти