Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллали дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Чорабинии бошукӯҳи ҷашни байналмиллалии Наврӯз санаи 23.03.2024 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифта шуд.Сараввал раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ҳамагонро бо ҷашни наврӯз табрику муборакбод намуда, ёдоварӣ аз ташаббусҳои неку созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати мақому нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намудани Наврӯз, изҳор дошт, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони ноҳия,  аз ҷумла  Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулии раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Дар қисмати фарҳангии  чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия барномаи идонаи Наврӯзиро пешкаши иштирокчиён намуда, ҳозиринро болидарӯҳ гардониданд